НИËЗМАНДОН ДОИМО ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, дар партави сиëсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон ба аёдати маъюби гурурҳи якум сокини деҳаи Чу Чу-и Ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳия Саидов Фирӯз рафта аз аҳволи ин маъюб огоҳ шуданд. Ҳамзамон аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб барои муоина намудани вазъи саломатии Саидов Фирӯз як нафар табиб таъмин карда шуда, вазъи саломутии у пурра муоина карда шуд. Модари ниëзманд таваҷҷуҳи навбатии раиси нохияро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати қишри ниëзманд дар сатҳи маҳал арзëби намуданд .