ТАЪСИСИ "ПАЙМОНИ МИЛЛӢ"-И ТОҶИКИСТОН

Ёвон: Вокуниш  

Таваҷҷуҳ намоед, ки зери ин мафҳум ҳазорон маънӣ, ҳазорон мафҳуми фалсафавӣ нуҳуфта аст. Таъсиси Паймони миллии Тоҷикистон баъди се соли расман қатъ гардидани фаъолияти Ҳизби наҳзат рӯи кор омада,  дар заминаи он фаъолияти Наҳзат  аз нав босозӣ гардидааст. Ба гуфтаи Кабирӣ Наҳзатиҳо тайи ин се  сол тавонистаанд, ки ба бештари саволҳои худ xавоб пайдо намояд, ки онҳо ки ҳастанду дар чӣ шароит қарор доранду рақибашон кисту тарафи дигарашон дар кадом ҳолат қарор дорад ва дар ин шароити ҷадид чигуна мубориза бояд бурд. Инҷо суол ба миён меояд, ки агар Кабирӣ ва ҳамдастонаш дар воқеъ пешравии Тоxикистон ва сарбаландиву амну осоиштагии миллати тоҷикро бихоҳанд, киро рақиби худ мехоҳанду барои кадом мубориза омодагӣ мебинанд ва мубориза бар зиддӣ ки? Кабирӣ метавонад зери ниқоби ин маҳфум, яъне Паймону аҳднома боз ҳазорон ҷавонони гумроҳ ва муҳимаш садҳо нафар роҳгумзадагони тоҷикро, ки берун аз марзи кишвар зиндагӣ мекунанд ба доми ин Паймон   кашида, ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳои сохтакорӣ бозсозӣ намуда, бар зиддӣ миллати тоҷик ва сарзамини Тоҷикистон равона месозанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ки бо ҳидояту дастурҳои хоҷагони Эронӣ дар давраҳои пеш аз Истиқлолият таъсис дода шуда буд, сабабгори даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар мебошад. Маҳз аввал Саид Абдуллои Нурӣ ва баъдан Муҳиддини Кабирӣ тавонистанд, ки баъди соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистон оташи ҷанги шаҳрвандиро дар кишвар баланд сохтанду Тоҷикистонро ба хоку хун оғушта намуданд. Бо ташаббуси ин ду хоини миллат ва ҳаммаслаконашон ҳазорон модари тоҷик дарди бефарзандӣ, ҳазорон зан азоби бешавҳарӣ ва ҳазорон тифл ранҷи бепадариро таҳамул намуд. Ҳазорон нафар мардуми Тоxикистон дар давлатҳои бегона овораву сарсон дарди ғарибиро таҳамул намуданд.

Новобаста аз сафсатаҳои Кабирӣ боз ҳам аминам, ки мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ симои Кабири ва ҳамдастону хоҷагонашро мешиносанду рафтору кирдори хешро дар мизони андешаҳо бар кашида, бо ақлу хиради хеш амал менамоянд.

Мирзоев Эраҷ, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон