ШАҲОМАТИ КӮҲРО ФАҲМИДАН ХОҲӢ, БА ОН НАЗДИК БИШАВ

Ёвон: Андеша  

Арастуи бузург мегўяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақиқат мегўянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, боғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёрҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ӯ ватандўстаст, далериву ҷасури дорад…

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷањон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил доданд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халrии Демократии Тоxикистон, раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунунӣ инаст, ки биёед ба бетарифӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳамбозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Раҳмонҳмонзода Муҳаммад, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон