АЗНАВСОЗИИ РОҲИ МАҲАЛЛА

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аксияи таблиғотию ташвиқотии ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" тайи чанд сол аст, ки миёни мардуми созандаву бунёдкори ноҳияи Ёвон ҳамовозии зиёде касб намудааст. Ҳизбиёни ноҳия назар ба солҳои қаблӣ татбиқи Аксияи мазкурро дар соли равон  ҷиддӣ ба роҳ монда, ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси маҳбуби ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳ мондаанд.

Чунин як иқдоми созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Норин роҳандозӣ карда шуд, ки дар доираи он роҳи даромадгоҳи маҳаллаи Наврӯз  ба андозаи  як километр  сангфарш карда шуд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари дастаҷамъонаи сокинони ватандӯсти маҳаллаи Наврӯз иштирок намуда, амали созандагии онҳоро туҳфаи ҷашнӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ арзёбӣ намуданд.