ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД.

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани рӯзи ҷавонони Тоҷикистон,ки ҳама сола 23 май таҷлил карда мешавад  дар коллеҷи тиббии ноҳия бо иштироки  муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода ва роҳбарияти муассисаи мазкур суҳбату вохӯриҳо анҷом дода, дар чорабинии мазкур донишҷӯёни коллеҷи мазкур иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани ин вохӯрӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷалби ҷавонони ихтиёри ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоии мубрами рӯз ташкил медод.

Муовини раиси Кумитаи иҷрияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи  марзу  буми  кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо иштирокчиён ибрози андеша кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки  ташаккули  маърифату  фарҳанги  сиёсии  мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад.