ҚАСАМ БА НОМИ АСКАРӢ, КИ АҲДИ ХЕШ НАШКАНАМ...

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар асоси Фармони Сарфармондеҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад. Ҷавонони бо нангу номуси ноҳияи Ёвон низ, дар қатори дигар ҷавонони кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ имрӯзҳо барои ҳимояи марзу буми аҷдоӣ ва Ватан- Модар ба сафи Артиши миллӣ пайваст гардида истодаанд. ДУу нафар аз ҷавонони хуштолеъи ноҳия аз зумраи он ҷавонони даврони соҳибистиқлол аст, ки мехоҳад баъди хатми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур  хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон раванд. Онҳо шаҳрвандони Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов буда, давоми як соли оянда ҳамчун сарбоз Ватани хешро муҳофиз хоҳанд буд. Ҳизбиён зимни баргузории вохӯрӣ дар донишгоҳи мазкур ҳадафи ватандории ҷавонони ватандӯстро шоиста арзёбӣ намуданд.