МУҲОФИЗИ ВАТАН МАНАМ....

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Муҳамадҷон Абдукаримов аз зумраи он ҷавонони даврони соҳибистиқлол аст, ки мехоҳад  бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равад. Муҳаммадҷон Абдукаримов дар оила якаписар буда, риштаи ҳуқуқшиносиро хатм намудааст. Мехоҳад  барои ба сафи Артиши миллӣ рафтан ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ва ташкилоти ибтидоии шаҳраки Ёвон дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ташриф оварда, ба ӯ шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ супорида шуд. Дар воқеъ имрӯз ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия доимо барои таблиғи арзишҳои миллӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ бо аҳолии ноҳия ва хосса миёни ҷавонон вохӯриҳоро зиёд доир менамояд. Натиҷаи ҳамин вохӯриҳо аст, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ тавассути Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳам дар даъвати баҳорӣ ва ҳам дар даъвати тирамоҳӣ меафзояд.