ВАТАН МОЯИ ИФТИХОРМАНДӢ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар асоси Фармони Сарфармондеҳи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маром идома дорад. Ҷавонони бо нангу номуси ноҳияи Ёвон низ, дар қатори дигар ҷавонони кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстӣ имрӯзҳо барои ҳимояи марзу буми аҷдоӣ ва Ватан- Модар ба сафи Артиши миллӣ пайваст гардида истодаанд. Шаҳбоз Наимов аз зумраи он ҷавонони даврони соҳибистиқлол аст, ки мехоҳад баъди хатми Донишгоҳи тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара бо хоҳиши худ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон равад. Шаҳбоз Наимов барои ба сафи Артиши миллӣ рафтан ба Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар асоси ҳамкориҳои дуҷониба ташриф оварда, ба ӯ шаҳодатномаи сарбози ихтиёрӣ супорида шуд. Дар воқеъ имрӯз ниҳоди ноҳиявии ҲХДТ дар ноҳия доимо барои таблиғи арзишҳои миллӣ ва тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ бо аҳолии ноҳия ва хосса миёни ҷавонон вохӯриҳоро зиёд доир менамояд. Натиҷаи ҳамин вохӯриҳо аст, ки сафи ҷавонони ихтиёрӣ тавассути Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳам дар даъвати баҳорӣ ва ҳам дар даъвати тирамоҳӣ меафзояд.