ЯКДИЛИИ ХАЛҚҲОИ ДАВРОНИ ШУРАВӢ ВА ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ

Ёвон: Андеша  

Субҳи 22 юми июни соли 1941 соати 04:30 разветкачиёни Иттифоқи Советӣ ба кремл хабар мерасонанд, ки Германияи фашистӣ ба хоки Иттифоқи Советӣ ҳуҷуми ногаҳонӣ карда, чандин шаҳрҳоро бомбаборон намуда, ба харобазор табдил додааст. Аз ин ҳуҷуми Германияи фашистӣ пештар низ Иттифоқи Советӣ огоҳӣ дошт. Аммо сир бой надода, интизорӣ мекашид... Хулоса артиши пурқудрати Германияи фашистӣ бераҳмона сарзамини Иттифоқи Советиро ба хоки туроб баробар намуда, шаҳрҳову вилоятҳои бузурги аҳолинишинро оташ зада, мардумонашро бештар куштаву занону духтаронро ба гарав гирифта, дар пасттарин шароит онҳоро нигоҳ медоштанд.

Дар ҷавоби ин гуна бераҳмии артиши Германияи фашистӣ, роҳбарияти ҳамонвақтаи Иттифоқи Советиро, ки И.В.Сталин бар ӯҳда дошт, зарурият пеш омад, ки аз ҳисоби 16 кишварҳои бародар, артиши тавоное ташкил намуда, ба муқобили фашистони истилогар истодагарӣ намуда, ҷавобан ба бераҳмии онҳо, ҳуҷуми ҷавобии бузурге намояд.  Ва ҳамин гуна ҳам мекунанд, тамоми занону кӯдаконро аз ҳамаи шаҳрҳои дуру наздики Москва, вилояти Москва, шаҳрҳои Ленинград (ҳозира Санкт Петербург), Киев, Минск ва ғайраҳо ба Қазоқистон барои таъмини яроқ, барои ҷавонони дар майдони ҷабҳа буда, ба корхонаҳои таъмини тиру туфанг меоваранд.

Дигар ҷавонони Иттифоқи Советӣ бошанд, барои хизмат ба Модар Ватан, барои кишвари худро озод намудан аз дасти фашистони бераҳму бадкирдор, ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ шомил шуда, барои ҳифзи хоки Ватан муборизаҳои шадиду ҷонбозиҳои беназире кардаанд, ки  ҳисобашро таърих то он дам ёд надошт.

Ин ҷанги дар таърих дарозтаринро, ки 5 сол давом ёфт, “Ҷанги Бузурги Ватанӣ” унвон  доданд. Чун ки дар муддати 5 сол, ин ҷанги бемаънӣ ба сари мардуми қариб ними ҷаҳон, чи мушкилотҳову азобҳои дандоншиканеро овард, ки дар дарозои таърих, башарият назирашро надида буд. Дар ин ҳарбу зарби кишварҳо ҳама боигариҳои давлатҳои бародар, ки чандин солҳо барои беҳбудии зиндагии худ, каму беш захира доштанд, ҳама боигариҳову захираҳояшон ба сели барқосои ҷанг партофта шуд. Мардум ҳама буду набудашонро фидои хоки муқаддаси Ватан мекарданд. Мардуми дар Фронт буда, барои ҷавонмардони далеру шуҷои Ватан ҳам либосҳо дӯхтаву ҳам хурду хӯрок ҷамъоварӣ намуда, онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ ва таъмин менамуданд.

Чи мардонеро дар он ҷанги хонумонсӯз Ватан аз даст дод... Имрӯз дар ҳамаи шаҳрҳои бародар, ки фарзандонашон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок намудаву барои ҳифзи хоки Ватан ҷонҳои худро нисори хоки Ватан кардаанд, Ватан аз онҳо бо Оташи абадиву шиори “Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нахоҳад шуд” ҳамеша ёдовар мешавад.

Қиссаи ҳузнангезеро нависандаи бузурги рус Даниел Гранин аз ҳодисаҳои даҳшатангези “Блокадаи Ленинград” ёдовар шуда менависанд, ки зимистони қаҳратуни соли 1943 сарҳади Ленинградро фашистон ҳаматарафа бастанду муддати нуҳ моҳ, на касе вориди он шудаасту на касе аз он ҷо берун баромада тавонистааст. Мардуми таҳҷойии Ленинград, захираи доштаи худро чанд муддате истифода мебаранду захираашон ба охир мерасад. Дигар барои мардуми Ленинград ягон манбаи даромад набуд, ки онҳо дар ҷойе кор кунанду зиндагии худро пеш баранд. Аз гурӯснагӣ талафоти мардум рӯз ба рӯз меафзуд...Ин қисса чунин ҷойи дарднок дорад, ки зане пас аз даст додани шавҳараш бо ду духтараш, дар хонаҳои сарду торик бо шиками гурӯсна  ҳафтаҳоро паси сар мекарданд. Дар миёна як духтари ин зан аз гуруснагии дарозмуддат ҳалок мегардад. Зан аз сардии зимистони қаҳратун ва аз сиёсати фашистони хунхор, ки онҳоро иҳота карда буданд, ғайрати ба берун баровардану гӯру чуб кардани духтарашро намекард...Духтари ҳалокгардидаашро дар балкони хонааш, пинҳон менамояд. Духтари дигараш, ки ӯ ҳам аз хунукиву гурӯснагӣ қариб ба ҳалокат расида буд, аз тарси он ки ин ҳам намирад, модар мисли модашер бесадо мегиристу аз духтараш сир пинҳон мекард...Охирин  имконияте, ки дошт ҳамин буд, ки барои зинда мондани духтараш ҳар рӯз аз бадани беҷони он духтари ҳалокшудааш, ки дар балкон пинҳон карда буд, пора пора канда оварда, шиками духтари беморашро аз гӯшти бадани хоҳари мурдааш сер мекарду...модар бо иҷрои ин амал ҳар рӯз даҳҳо бор мемурду зинда мешуд...

Чунин ҳолатҳо, дар он ҷанги башарият назирашро надида, милионҳо маротиба такрор шудаанд, ки мо инро аз таърих омӯхтаву бо ин мавзӯъ шиносоии бештар дорем.

Аз Тоҷикистони мо низ дар ин набарди бузурги таърихӣ, ҷавонони тавонои миллат, бо номи ин сарзамин, мубориза бурдаву сазовори чандин мукофотҳо барои далериву қаҳрамониҳояшон гардидаанд. Соли 1945 бо заҳматҳову талошҳову бехобиҳои Артиши пурқудрату тавонои Иттифоқи Советӣ, Германияи фашистӣ шикаст мехӯрад ва ғолибият насиби Иттифоқи Советӣ мегардад.Нафароне, ки аз хоки Тоҷикистон ба ҷанг рафтаву то ҳол номи онҳо дар  саҳифаҳои рангини китоби таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст Сафар Амиршоев, Неъмат Қарабоев, Тӯйчӣ Эрҷигитов ва ҳазорҳо ҷавонони дигарро метавон дар қатори онҳо ном бурд...Ҳар сол санаи 9 Май дар ҳамаи гӯшаву канори ҳамаи кишварҳои собиқ бародар, Рӯзи Ғалабаро таҷлил намуда, хотираи шаҳидони роҳи Ғалабаро шод менамоянд. Шоирону нависандагон бахшида ба ин рӯзи таърихӣ ва барои шод кардани хотираи ҳар як иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеъру достонҳо эҷод намуда, ҳазорҳо китоб ба табъ расонидаанд.

Расулов Ғолиб, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон