АЪЗОИ ҲИЗБ БУДАН ИФТИХОР АСТ.

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ ва ба ифтихори ҷашни 78 солагии Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳия конференсияи илмӣ адабӣ баргузор гардид. Дар фарҷоми конференсияи мазкур як қатор омӯзгорони ҷавони колеҷ дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва нишони сарисинагӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҷавонони нав аъзогардидаро муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ситқан таҳният намуда, дар оняда  барои ба камол расидани мутахассисҳои касбӣ ва ояндадорони ватани азиз баррору комёбиҳо таманно намуданд. Ҷавонон низ, дар навбати худ ваъда доданд, ки кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар самти омода намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор мегарданд.