САҲМИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪМИНИ ҒАЛАБА

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 78 -солагии таъсисёбии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Коллеҷи тиббии ноҳия конференсияи илмӣ-амалӣ зери унвони "Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар таъмини ғалаба" баргузор гардид. Нотиқон омӯзгорони фаъни таърих, директори Коллеҷи тиббии ноҳия Амиров Шарофиддин бо маърузаҳои илмӣ баромад намуда, ёдоварӣ намуданд, ки мардуми Тоҷикистон хосса иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар солҳои 1940-1945 саҳми бориз доштанд. Қайд карда шуд, ки саҳми мардуми дӯсту бародари тоҷик дар вақти ҷанги дуюми ҷаҳонӣ дар ақибгоҳ низ шоиста буд. Имрӯз корнамоӣ ва номи неки маруми Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳон  бо қаҳрамонони ҶБВ  дар таърих сабт гардида истодааст. Дар интиҳои Конференсия  муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ба сухан баромада, оиди нақши Тоҷикистон дар таъмини Ғалаба андешаронӣ намуданд.