ТАНЗИМ БАРАКАТЕ ДАР РӮЗГОР АСТ

Ёвон: Андеша  

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дорои таъриху маданият ва фарҳанги қадимаи бою ғанӣ мебошад, ба монанди осорҳои хаттию илмӣ, санъат, меъморӣ, шаҳрсозӣ, анъанаҳои иҷтимоӣ ва ғайраҳо Дар тўли ҳазорсолаҳо аҷдодони бохираду дурандеши мо урфу одати миллии худро нигоҳ дошта, ҳифз намуданд, ки он имрӯз аз нас ба нас ҳамчун меърос  то ба мо омада расидааст.

Бо мақсади арҷ гузоштан ба расму оин ва анъанаҳои миллӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон, пешгирӣ аз урфу одатҳои бегона , ба танзим даровардани ҷашну маросимҳои миллию мазҳабӣ ва оилавӣ ду даҳсолаи охир Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»  фаъолияти густурда дорад, ки Қонуни мазкур бевосита бо таклифу пешниҳодҳои шаҳрвандони кишвар қабул гардидааст.

Қонуни мазкур пеш аз ҳама баҳри рафъи мушкилоти зиндагии мардум таҳия гардида, мақсаду мароми он осон намудани рўзғор, зиндагӣ, ҳимояи манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии мардум равона карда шудааст. Ҳамзамон, ин Қонун дар доираи арзишҳои фарҳанги миллӣ, дар доираи арзишҳои суннатӣ таҳия гардидааст, ки метавон бе чуну чаро ин Қонунро қонуни миллӣ номид. Баҳри дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонун пеш аз ҳама омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ, фарҳангӣ, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд ва ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд, муҳим аст.

Нишони одамият, маданият ва фарҳанг аст, имрӯз  идае аз шаҳрвандони мо ба қавли «одаму либос хонаю палос» тақлидкорӣ менамоянду зоҳирпарастӣ мекунанд. Чунки аз хурдсолӣ дар ниҳоди бархе аз мо тақилидкорӣ реша давондааст. Ҳамин сабаб мегардад, ки бархе аз ҷавонону ҷавондухтарони мо на он қадар иродаи қавӣ доранд, ба воситаи тақлидкорӣ рў ба бегонапарастию зоҳирпарастӣ меоранд. 

Устоди дақиқназар, Мавлонои бузург Ҷалолиддини Балхӣ, ки донандаи беҳтарин расму русум ва анъанаҳои таърихии миллати куҳанбунёди тоҷик буд, низ муқобили ҳамагуна рафтору урфу одати зарарнок пайгирона мубориза бурдааст ва тақлиди ноогоҳонаю кўр-кўронаро хеле нишонрас мазаммат кардааст:

     «Халқро тақлидашон барбод дод,

     Эй дусад лаънат бар он тақлид бод ».

Дар воқеъ дар тўли таърих аз ҷониби истилогарони аҷнабӣ бисёр кўшишҳои аз байн бурдани забон, адабиёт, фарҳанг, илм, маориф, санъат ва умуман ҳувияту худшиносии миллати тоҷик ба вуқўъ пайвастааст. Аммо миллати озодандешу ободкори мо ҳамаи тўфонҳои харобкори зиндагиро бо неруи созандаи худ паси сар карда, аз имтиҳони пуршиддати таърих шарофатмандона гузашт ва имрўз бо сарварии Пешвои худ ба бунди як ҷомеаи воқеан миллӣ камар бастааст ва умед аст, ки мо дар ҳам ба комёбиҳо муваффақ хоҳем шуд.

Дар ҳаёт татбиқ намудани қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пеш аз ҳама маданияти баланд, рафтор, тафаккур, амали неки одамон дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, зиндагиву меҳнат, сухангўӣ, муносибатҳои фардӣ мисли обу ҳаво зарур аст. Дар баробари кўшиш барои ободии Ватан ва ба ҷо овардани эҳтироми падару модар, калонсолон, риояи одобу русуми неки ниёгонамон, тоза нигоҳ доштани забони модарӣ ва иҷрои ҳатмии муқаррароти қонунҳо ба хусус қонун « Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ба ору номуси Ватан мебошад. Қонуни мазкур аз 5 боб ва 16 модда иборат буда, «... рушди ҷомеа, анъана ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эштиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқттисодии ҳаёти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст».

Пўшида нест, ки тоҷикон дар тўли таърих ба як қатор дастовардҳои моддию маънавӣ, фарҳангофаринӣ, маърифатбунёдӣ дар ҷаҳон шуҳратёр гардидаанд.Манзур аз ин вожа эҳёи расму русуми аҷдодӣ дар доираи фарҳанги миллӣ аст, ки нақши созандаи он дар эҳёи давлатдории навини тоҷикон мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи ҷаҳонӣ доир ба оқибатҳои бетарафию беэътиноӣ нисбат ба ҳувият, таъриху фарҳанг ва дигар муқаддасоту арзишҳои миллӣ ҳушдор додааст. Чунки фарҳанг ифодагари руҳи миллӣ, расму оин, анъана ва хотираи таърихии ҳар ҳалқу миллат аст, дар навбати худ муҳофизаткунандаи муҳит низ мебошад. Омилҳое, ки ба пешрафти фарҳанг мусоидат менамоянд: омилҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, мазҳабӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ки бе якдигар рушд карда наметавонанд.  Танзим падидаи иҷтимоию фарҳанги миллӣ буда, риояи ин қонун дар баланд бардоштани сатҳи зиндагонии мардуми меҳнатқарин ва заҳматпеша иқдоми наку мебошад.

           

       

Неъматулло  Ҳайитзода,  мудири бахши дин ва танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон