ФАЪОЛИЯТИ ВОЛОНТЁРОН ҶОННОК КАРДА МЕШАВАД

Ёвон: Созандагони ватан  

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти  волонтёрон дар бинои Кумитаи иҷроияи ҲХТ дар ноҳияи Ёвон бо иштироки қисме аз волонтёрони назди ниҳоди ноҳиявии ҳизб суҳбату вохӯрӣ анҷом дода шуд. Дар рафти баргузории вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолибҷон иштирок намуданд. Расулов Ғолибҷон дар баромади хеш иброз намуд, ки имрӯз фаъолияти волонтёри назар ба солҳои қаблӣ беҳтару хубтар гардида, дар ҳамаи самтҳо назаррас мебошад. Махсусан таъкид гардид, ки аъзоёни маҳфили волонтёрон дар низди сохтори ҳизбии ноҳия дар Аксияҳои тақсимоти маводҳои тарғиботӣ махсусан бо мақсади пешгирӣ ва паҳншавии бемории коронавирус бо усули хона ба хона хеле назаррас мебошад.