ҲХДТ-ҲИЗБИ ОРМОНҲОИ ХАЛҚ АСТ.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба чор оилаҳои ниёзманд кӯмаки навбатӣ расонида шуд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзи нахустини таъсисёбии худ дар ҷавҳари фаъолияти худ дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ва бо ин васила паст кардани сатҳи камбизоатиро дар маддӣ аввал гузошта буд. Ҳамин таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия буд, ки  сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чанд баробар паст расонида шуд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона ба як қатор шахсиятҳои ниёзманду  камбизоат кӯмакҳои навбатӣ расонида шуд.  Имрӯз ҳизбиёни ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба оилаҳои ниёзманд пайваста кӯмакҳои модию пулӣ мерасонанд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.