АККОСИ САГОНИ ДАЙДУ БА СӮЙИ МОҲТОБ

Ёвон: Вокуниш  

Пайравони ПМТ,мисли ҳамон сагоне ҳастанд, ки шабони тор ба сӯи моҳтоб аккос мезананду лек ба худ чорае надоранд, зеро ирода ва ҷисми пӯсидаи онҳоро хоҷагонашон идора мекунанду худ зиндае ба ҷои мурдаҳоянд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамон моҳтоберо мемонад, ки дар  шаби тор падид омаду бар дили торики мардуми тоҷик нуру зиё бахшид. Миллатро аз шаби зулмот ба рӯзҳои сафед овард.

Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори нотакрорест, ки сиёсати пешгирифтаи ин марди хирад имрӯз мавриди омӯзиши аксар давлатҳои ҷаҳон қарор гирифтааст, ки боиси ифтихори ҳар як ҷавони худогоҳи  Тоҷикистон мебошад.

Пешвои миллат неъмати бебаҳои таърих ва ҳадяи Худованди бузург барои миллати тоҷик мебошад. Маҳз ҳамин Пешвои миллат буд, ки дар рӯзҳои вазнини миллати тоҷик зимоми идораи давлатро ба зимаи хеш гирифта, миллату давлати тоҷикро аз парокандагӣ ва нестшавӣ наҷот дод. Аввалин суханҳое, ки Пешвои миллат қайд карда буданд, ин “Ман бу шумо сулҳ меорам” буд, ки имрӯз Пешвои миллат дар азми кардаашон устувор истода тавонистанд, ки дар як муддати кӯтоҳ пеши роҳи хунрезиро гирифта, дар ҳар як хонаи тоҷик сулҳро барқарор намуданд ва ҳамаи гурезаҳоро ба Ватан баргардониданд.

Мутаассифона, беъзе созмону гурӯҳҳои нохалафе ҳастанд, ки  сулҳу аромии миллати тоҷикро нодида гирифта, мехоҳанд ниятҳои нопоку ғаразноки худро бар сари миллати  тоҷик  амалӣ намоянд.

Боз ҳадафҳои нопоки ин гурӯҳҳои террористӣ ба идеалогияи мардуми мо роҳ меёбад? Не! Номи баду аъмоли нопоку фассоди онҳо, ки дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари миллати тоҷик оварданд,боз ҳам муваффақ нахоҳанд гашт, зеро имрӯз симои разилонаи   онҳо ба  тамоми ҷаҳон муаррифист.

Охир шумо аз кадом  неруҳои ватандӯст сухан мегӯед. Ин созмонҳову аъзои он, ки  бо ниятҳои нопоки хеш мардумро ғорат кардаанд, чаро аз корҳои номардонаашон худ хиҷолат намекашанд?

Мақсади ин гурӯҳҳои  террористӣ танҳо ғасби ҳокимият асту бас.     Боз дар андешаи қатли чанд нафар аз мардон, занон ё кӯдакон ҳастед? Ба андешаи худ “ғамхори миллат”-ед. Чӣ қадар ҷавононро гумроҳ намудед. Боз чӣ нақшаҳо доред?

Ҳол он, ки имрӯз давлату миллати тоҷик ба ягон тангаи нопоке, ки шумо аз ҳамон созмонҳои террористию экстремистӣ ба даст меоред, эҳтиёҷ надорад.    Қарзҳои дар назди давлату миллат ва модари тоҷик, доштаатонро кӣ пардохт мекунад?  Шумо аз давлату миллати бузурги тоҷик пул не, балки ҷон карздор ҳастед, чун, ки бадбахтие, ки шумо дар солҳои 90-уми асри гузашта ба сари ин миллат овардед, зиёда аз 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд ва он ҷавонмардон фарзанди модари тоҷик буданд.

Ман ҳамчун як ҷавони тоҷик дар мубориза бар зидди чунин созмонҳои террористию экстремистӣ бетараф набуда, ба ҳамсолон ва тамоми ҷавонони Тоҷикистон  ҳаминро гуфтанӣ ҳастам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи давлату миллати тоҷикро ба ҷавонон бовар кардаанд, мо ҷавонон дар баробари чунин дастгириҳои Пешвои миллат, ки нисбат ба ҷавонон доранд, зиракии сиёсиро аз даст надода ба ваъдаҳои дурӯғи чунин созмонҳо дода нашуда, пайи ободию созандагии Ватани азиз бо иродаи комил ва дасту дили пок азм намоем.

Расулов Ғолибҷон, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти   КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон                                      .