КОРМАНДОНИ РАЁСАТИ КАБУДИЗОРКУНИИ НОҲИЯ ДАСТГИРӢ ЁФТАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳия, хосса раиси ноҳияи Ёвон Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзода соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Имрӯз ҳизбиёни ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба кормандону заҳматкашони Раёсати кабудизоркунии ноҳия кӯмаки яквақтаинаи хурока аз қабили орду равған ва шакар кӯмак расонида шуд. Кормандони Раёсати коммуналии ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.