ДАСТГИРИИ НИЁЗМАНДОН ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти расонидани амалҳои хайру сахо дар моҳи мубораки Рамазон  аз ҷониби ташкилоти ибтидоии деҳоти Ситораи Сурх бо ҷалби  соҳибкорони ҳудуди Ҷамоати мазкур ба як қатор оилаҳои ниёзманд, ҳамчун кӯмаки яквақтаина чорвои хурди шохдор эҳдо карда шуд, то ин ки тавассути ин васила саршумори чорвои хонагии оилаи ниёзманд афзун гардида, сатҳи зиндагониаш ба маротиб худ шавад.   Дар маросими супоридани амалҳои хайр раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Раҳматуллоев Мақсуд иштирок ва суханронӣ намуданд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.