МАҲФИЛИ АЙНИХОНӢ ДАР ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ "ҒАЮР"

Ёвон: Созандагони ватан  

Бузургдошти олимону мутафаккирон ва адибону аҳли илму маърифат дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамчун рисолати муқаддас ва қарзи инсонист, Ба ин хотир дар санаи 15-уми апрели соли ҷорӣ бо ташаббуси роҳбарият ва омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарии муассиса(мудири кафедра-Иззатуллоева Сулҳия) бахшида ба ҷашни зодрӯзи асосгузори адабиёти муосири тоҷик, олим, нависанда ва Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ зери унвони ,, Умри Айнӣ аз барои халқ сарфи хома шуд " Конференсияи илмиву адабӣ бо як шукӯҳи хоса баргузор гардид.

Чунин чорабиниҳои муҳимми таълимиву тарбиявӣ барои баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ , ватандӯстиву хештаншиносии наврасон ва ҷавонони имрӯза аҳамияти бузург дорад.