КӮМАК АЗ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ ҒАЮР БА ДОНИШҶӮЁН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи сиёсати инсондӯстона ва асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба расонидани кумак ба ниёзмандон ва дар доираи ташаббусҳои хайрхоҳонаи Раиси Шӯрои директорони гурӯҳи корхонаҳои "Ғаюр Гурӯҳ" муҳтарам Акбар Асадулло имрӯз аз ҷониби маъмурият, омӯзгорон ва кормандони муассисаи таълимии "Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон" ба зиёда аз 300 нафар донишҷӯёне, ки аз дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар дар Коллеҷ таҳсил менамоянд маводҳои хурокворӣ кумак карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки ин амал аз ҷониби омӯзгорон ҳамасола анҷом дода мешавад.