БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ № 47

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  
Санаи 1 апрел раиси ноҳияи Ёвон, УЗВИ КИМ ҲХДТ  Саидзода Ҷамшед Ҳамро дар маросими ба охир расидани сохтмони мактаби рақами 47 дар деҳаи Ҳамзаи ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нав иштирок намуданд.
Сохтмони мактаби нав, ки аз 6 синфхона иборат аст, бо саҳми кумитаи маҳалла амалӣ шудааст. Мактаби нав, ки бо маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст, муҳити таълимии деҳаро беҳтар намуда, ба шумораи бештари мактаббачагони нав дастрасӣ ба таҳсил фароҳам меорад.