ВАҲДАТ ПОЙДЕВОРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ АСТ

Ёвон: Андеша  

Дар шароити бисёр ҳассосу мураккаби ҷаҳони муосир ҳимояи дастовардҳои замони истиқлол-сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва хифзи манфиатҳои давлату миллат вазифаи ҳар фарди бонангу номуси миллат мебошад.

Хусусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ваҳдату сарҷамъӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ифтихор аз давлатдории миллӣ дар шароити имрӯза аҳаммияти беш аз пеш касб кардааст.

Ин рисолат аз тамоми ҷомеа, алалхусус, аз аҳли зиё тақозо менамояд, ки моҳияти сулҳу ваҳдат, ватану ватандорӣ ва худшиносии миллиро ба наврасону ҷавонон ҳарчи бештар ташвиқ намоянд.

Мо ба хотири ҷовидону бегазанд мондани истиқлоли давлатамон насли пешрафта - насли дорои тафаккуру ҷаҳонбинии нав ва ватандӯсту ватанпарварро ба камол расонидем, ки дар оянда масъулияти соҳибӣ кардани давлати соҳибистиқлоли мо ба дӯши онҳо гузошта мешавад.

Бовар дорам, ки мардуми бонангу номуси ноҳияи Ёвон, ки дар пойдории сулҳу субот, таҳкими истиқлолияти давлатӣ саҳми назаррас доранд, дар оянда низ бо заҳмати софдилона ва азму иродаи қавӣ минбаъд низ дар ободии Ватани маҳбубамон аз ҳарвақта бештар заҳмат мекашанд, шӯҳрати онро дар арсаи байналмилалӣ баланд мебардоранд, дар раванди давлатсозиву давлатдорӣ ва бунёди ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ саҳми арзишманд гузошта, роҳи таърихии халқамонро, ки аз истиқлоли Ватан ибтидо гирифтааст, сарбаландона идома медиҳанд.

Бигзор, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини аҷдодии мо абадӣ бошад!

Мирзоев Эраҷ-мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон