ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗИИ РОҲҲОИ НОҲИЯ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи истиқбол аз  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо саҳми соҳибкорони ватандӯстӣ ноҳия роҳи мошингарди Ёвон-Душанбе, ки ноҳияро бо пойтахти мамлакат шаҳри Душанбе мепайвандад дар масофаи зиёда аз 7 км пурра мумфарш карда мешавад. Зимни суҳбат бо роҳсозон  муайян гардид, ки онҳо аз сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ намуда,  корҳои ободонию созандагиро дар сатҳи маҳал дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!"  доимо роҳандозӣ менамоянд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳашари мазкур иштирок намуда, амали созандаи онҳоро давоми сиёсати созандаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд.