БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ҶАВОНОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Санаи 14 -апрели  соли равон дар ЛКТСК  бо иштироки  мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб ва роҳбарияти муассисаи мазкур суҳбату вохӯриҳо анҷом дода шуда, дар чорабинии мазкур донишҷӯёни литсейи мазкур иштирок намуданд.

Мақсад аз баргузор намудани ин вохӯрӣ пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, ҷалби ҷавонони ихтиёри ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳоии мубрами рӯз ташкил медод.

 Мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Ёвон Расулов Ғолиб оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо иштирокчиён ибрози андеша кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки ташаккули маърифату фарҳанги сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад.