ДАСТГИРИИ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД АЗ ҶОНИБИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони инсондӯсту хайрхоҳ пайваста ҳамкорӣ намуда, дар ин ҷода тавассути онҳо кӯмакҳои хайру сахоро ба оилаҳои ниёзманд амалӣ менамоянд.  Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Ин навбат аз ҷониби роҳбирияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии Обшорони Ҷамоати деҳоти Обшорон ба як қатор оилаҳои ниёзманди ҳудуди ҷамоат дар моҳи шарифи Рамазон кумакҳои яквақтаинаи пули расонида шуд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.