ФЕСТИВАЛИ САД РАНГИ ЧАКАН ДАР КОЛЛЕҶИ ТЕХНОЛОГӢ-ФАРМАТСЕФТИИ ТОҶИКИСТОН

Ёвон: Созандагони ватан  

Эҳтиром ба арзишҳои муқаддаси миллӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангии миллати точик, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ имрӯз дар намоиши фарҳангӣ бо унвони "Чакан- эҳёгари ҳунарҳои миллии ниёгон" дар доираи фестивали "Сад ранги чакан" дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон бо рангу ҷилои хосса эҳсос гардид. дар чорабинии мазкур директори муассиса Изатов Субҳиддин ва муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон Абдуллозода Саёҳат ба заҳмати омӯзгорон ва донишҷӯёни Коллеҷ баҳои баланд доданд. Воқеан чорабинии мазкур, ки ба хотири эҳтиром гузоштан ба расму оин ва анъанаҳои фарҳанги миллии тоҷикон бозгу буд, дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд.