БАРГУЗОРИИ СУҲБАТУ ВОХӮРИҲО БО САРБОЗОНИ ҚИСМИ НИЗОМӢ

Ёвон: Созандагони ватан  

Дар доираи баргузории суҳбату вохӯриҳо бо ҷавонон ин навбат намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроия Абдуллозода Саёҳат бо сарбозону афсарони Қисми низомии 6593-и ноҳия вохӯрии судманд доир карда шуд. Абдуллозода Саёҳат  зикр намуд:, ки“Артиши миллии Тоҷикистон солҳои навадуми асри XX, замоне ки нав ташкил ёфта буду таҷрибаи кофӣ надошт, ба имтиҳони бузурге рӯ ба рӯ гардид. Хомӯш намудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ аз афсарону сарбозони артиш таҷриба ва малакаву маҳорати бениҳоят калонро тақозо мекард. Хушбахтона, бо тадбирандешиҳои роҳбарияти олии мамлакат Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки вазифаҳои дар наздаш истодаро сарбаландона ҳаллу фасл карда, сулҳу суботро дар қаламрави Ватани мо таъмин намояд.

Ҳамчунин, ба мову шумо маълум аст, ки дар давоми солҳои соҳибистиқлолии кишвари азизамон чандин маротиба душманони дохилию хориҷӣ бо мақсади халалдор кардани вазъи сиёсии мамлакат ва ба вуҷуд овардани табаддулоти давлатӣ кӯшишҳои мусаллаҳона анҷом доданд, вале ин қувваҳои бадхоҳ ба муқобилияти шадиди Артиши миллӣ рӯ ба рӯ омада, шармандавор шикаст хӯрданд.

Имрӯз ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ рисолати муқаддаси худ, яъне ҳифзи амнияти давлат, таъмини суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакатро шарафмандона иҷро мекунанд ва тавассути фидокориҳои онҳо Тоҷикистони маҳбуби мо рӯз то рӯз ободу зебо мегардад”.

Дар фарҷом баромадкунандагон ба ҳамаи сарбозону афсарон барои хизматҳои содиқонаашон дар ҳимояи марзу буми аҷдоди изҳори сипос намуда, ба онҳо дар ин ҷода бурдбориро таманно намуданд.