САФИ АЪЗОЁНИ ҲИЗБ МЕАФЗОЯД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар натиҷаи баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия вобаста ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ ва тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи роҳбарияти олии ҳизб аз ҷониби кормандинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия сафи аъзоёни ҳизб дар ноҳия афзоиш меёбад.

Кормандони масъули ниҳоди ноҳиявии ҳизб   дар ҳамаи баромадҳояшон оид ба тарғиби дастовардҳои даврони Истиқлол, ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ бо ҳамсафон ибрози андеша менамоянд. Аз ҷумла, зикр карда мешавад, ки ташаккули маърифату фарҳанги сиёсии мардум бояд дар меҳвари фаъолияти ташкилотҳои ҳизбии мо қарор дошта бошад. Ба роҳ мондани чорабиниҳо барои ташакулли фарҳанги сиёсӣ ва маърифати  ҳуқуқии  аъзои  ҳизб  ба фаъолияти доимии ташкилотҳои  ҳизбӣ  бояд  табдил дода  шавад.

Фаъолияти ҳизбӣ, ҳаракати  аъзои  ҳизб дар  ташкилот ва дар амал  татбиқ намудани ҳадафҳои барномавӣ ва оинномавии ҲХДТ  ҳар  як  аъзои  ҳизби  ташкилот  бояд саҳмгузор бошад. Маҳз ҳамин чорабиниҳои доир намудаи ҳизбиёни ноҳия буд, ки сокинон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо ба сафи ҲХДТ шомил мешаванд. Ин навбат якчанд нафар кормандони Раёсати комуналии ноҳия ба сафи ҲХДТ шомил шуда ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ тақдим карда шуд.