ҲАМЕША БО ХАЛҚ БОЯД БУД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи муқаррароти дини мубини ислом рисолати бузурги худоҷӯйиву тақводорӣ, пеш аз ҳама, дар расонидани кумак ба ниёзмандон зоҳир мегардад. Моҳи мубораки Рамазон бо ҳама фазилату меҳрубониҳояш моҳест, ки пур аз хайру баракот ва инсондӯстӣ. Дар тақвияти сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону шахсиятҳои хайрхоҳи ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ илҳоми тоза гирифта, дастурхони хайру эҳсонашонро дар ин моҳи мубораки Рамазон барои ниёзмандон кушода намудаанд. Чунин як кӯмаки ҳизбиён ба оилаи ниёзманд аз кӯчаи Одинаев, Ҷамоати шаҳраки Ёвон ба оилаи модари руси танҳо расонида шуд.