НИЁЗМАНДОН АЗ ҶОНИБИ ҲХДТ ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Тибқи муқаррароти дини мубини ислом рисолати бузурги худоҷӯйиву тақводорӣ, пеш аз ҳама, дар расонидани кумак ба ниёзмандон зоҳир мегардад. Моҳи мубораки Рамазон бо ҳама фазилату меҳрубониҳояш моҳест, ки пур аз хайру баракот ва инсондӯстӣ. Дар тақвияти сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону шахсиятҳои хайрхоҳи ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ илҳоми тоза гирифта, дастурхони хайру эҳсонашонро дар ин моҳи мубораки Рамазон барои ниёзмандон кушода намудаанд. Чунин як кӯмаки ҳизбиён ба оилаи ниёзманд аз деҳаи Тутчашмаи Ҷамоати деҳоти Даҳана амалӣ карда шуд, ки дар оилаи мазкур ду нафар маъюбон зиндагӣ ва ниёзманд мебошанд.