ДАСТГИРИИ ҚИШРИ НИЁЗМАНД ДАР МОҲИ МУБОРАКИ РАМАЗОН

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Моҳи мубораки Рамазон бо ҳама фазилату меҳрубониҳояш моҳест, ки пур аз хайру баракот ва инсондӯстӣ. Дар тақвияти сиёсати инсондӯстонаи Пешвои муаззами миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибкорону шахсиятҳои хайрхоҳи ноҳия ва соҳибкорони ватанӣ илҳоми тоза гирифта, дастурхони хайру эҳсонашонро дар ин моҳи мубораки Рамазон барои ниёзмандон кушода намудаанд. Дар татбиқи сиёсати инсондӯстона имрӯз соҳибкорони ноҳия пайваста  бо ниҳоди Кумитаи Иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар самти дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ ҳамкорӣ намуда, бештар хайру эҳсонашонро тавассути  Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ роҳандози менамоянд. Имрӯз ҳизбиёни ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон то ба имрӯз ба 70 оилаҳои ниёзманд маводҳои ниёзи аввал аз қабили орду равған, биринҷ, макарон, шакар ва чойҳои гуногун ёрмандӣ намуданд. Шахсиятҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми ҳизбиён ва соҳибкорони ноҳия хушнуд гардида,   дастгириҳои мазкурро давоми сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти дастгирии қишри ниёзманди ноҳия арзёбӣ менамоянд.