САРБОЗИ ШУҶОИ ВАТАН МАНАМ!

Ёвон: Андеша  

Ҳамасола санаи 1 апрели соли равон дар кишвар рӯзи даъватшаванда баргузор мегардад. Дар баробари ҳазорон нафар ҷавонони ихтиёрӣ ман низ яке аз хушбахттарин фарде ҳастам, ки ин шарафи бузург насибам мегардад. Азм дорам, ки бо сари баланд ба хизмати Ватан- Модар рафта, қарзи фарзандиамро дар назди он адо созам.

Шавқу ҳаваси ба хизмат рафтанро “РОҲНАМО БАРОИ ҶАЛБИ САРБОЗИ ИХТИЁРӢ” дар ҳисси ман бедор намуд, зеро ки он маҳз барои  тарбия намудани насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва ҷасорату мардонагӣ, аз ҷумла хизмати ихтиёрии ҳарбӣ зарур аст, ки механизмҳои муосири идеологӣ, муносиб ва дастрас ташаккул медиҳад.

Дар воқеъ Артиши миллӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини давлатдории миллӣ ва сипари боэътимоди Ватани азизамон мебошад. Аз ин рў, аз рўзҳои аввали замони соҳибистиқлолии давлатамон ба хотири ҳифзи якпорчагии марзу буми кишвар лозим буд, ки Қувваҳои Мусаллаҳи миллӣ таъсис дода, тамоми сохторҳои низомӣ аз нав барқарор карда шаванд. Мӯътадил сохтани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ, хотима додани муноқишаҳои мусаллаҳона ва қонуншиканиву бедодгариҳо, ба эътидол овардани тартиботи ҷамъиятӣ тақозо мекард, ки ҳарчи зудтар  Артиши миллӣ таъсис дода шавад.

Чуноне ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид мекунанд, «Шарафу обрўи Ватан, пойдории сулҳу субот ва рушду ободии кишвари азизамон аз шумо вобастагии калон дорад». Аз ин рў, зарур аст, ки наслҳои ҷавони мо дорои ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоқи ҳамида, сабру таҳаммул, илму ҳунарҳои муосир бошанд, то тавонад дар оянда ҳамчун намояндагони сазовор ва шоистаи миллати хеш Ватани азизамонро ҳимоя ва дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд.

Ман ҳамчун сарбози ихтиёрӣ ба таъкидҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар содиқ мемонам ва ба хизмат Ватан- Модар рафта, қарзи шаҳрвандиамро адо мекунам ва омада дар ниҳоди ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон фаъолиятамро давом медиҳам.

 

Мирзоев Насим, мутахассиси бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон