ҲАМДИГАРФАҲМӢ АМАЛИ НЕК АСТ.

Ёвон: Андеша  

Дар воқеъ чуноне, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд “Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи аввалин давлатҳоест, ки баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ проблемаи баланд бардоштани мавқеи занро дар ҷомеа ба пояи сиёсати давлатӣ ва гузашта аз ин, ба як рукни таркибии сиёсати давлатдорӣ бардошт. Тоҷикистони мо, ки ҳанӯз дар ибтидои шоҳроҳи истиқлолият қарор дошт, дар натиҷаи дасисаҳои қувваҳои дохиливу берунӣ ба озмоиши шадид ва зарбаи ҷонкоҳи ҷанги дохилӣ рӯбарӯ шуд. Занону модарони мамлакат дар айёми пурошӯб ва пурфоҷиаи ҷанги таҳмилии гражданӣ азобу машаққати ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд. 25 ҳазор занон аз шавҳарони хеш маҳрум шуданд, 55 ҳазор тифлон ятим монданд. Бори гарон ва андӯҳи ҷудоии даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанг пеш аз ҳама ба дӯши нозуки занону модарон афтид. Вале занону модарони мо ҳамаи ин талафоту маҳрумиятро босабру хиради азалӣ таҳаммул  карданд ва барои сулҳ, оромӣ ва суботи ҷомеа баробари мардон мубориза бурданд.

Боиси хурсанди ва сарфарозист, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои таъсисёбии худ ба масъалаи дастгирии занону духтарон аҳаммияти аввалиндараҷа дода, ин иқдомро ба яке аз самтҳои муҳимми сиёсати иҷтимоии давлат табдил дод.

Имрӯзӽо таъмини зиндагии шоистаи занону бонувони кишвар яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, инсон ва ҳуқуқҳои шаҳрвандон ҷавҳари Конститутсияи давлатии ҳуқуқбунёди моро ташкил медиҳад. Аз ин ҷост, ки пешгирии зӯроварию хушунат дар оила ва ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз масъалаҳои муҳим маҳсуб меёбад, ки ҳалли он дар маркази диққат ва таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Дар Паёми навбатии роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ бо дарназардошти хизматҳои арзандаи занону духтарон дар таъмин ва ҳифзи манфиатҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати кишвар ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ ҷиҳати муқаррар намудани квота ва имтиёзҳо дар зинаҳои гуногун барои занону духтарон чораҷӯӣ намоянд.

Ин иқдом имкон медиҳад, ки аз сатҳи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот то зинаҳои болоӣ духтарону бонувони бомаърифат, фаъолу ташкилотчӣ ва пешқадаму ташаббускор ба кор ҷалб карда шаванд ва ба халқу Ватан хизмат намоянд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар партави сиёсати хирадмандонаи Роҳбарияти Олии ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар сиёсати ҳизбии худ аз нерӯи созандаи бонувону духтарон боз ҳам бештар истифода бурда, ба амалӣ гардидани ташаббусҳои онҳо мусоидат намоем.Зеро дар мавриди сиёсати гендерӣ ҲХДТ ҳамеша ҷонибдори ибтикороти занону духтарон аст ва онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд.

Ҳоло дар кишвари мо имконият фароҳам оварда шудааст, ки занон дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа баробари мардон ширкати бевосита ва фаъол дошта бошанд. Дар ин самт як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ шуда истодаанд, ки аз манфиатҳои духтарону бонувон ҳимоя менамоянд ва барои амалӣ шудани ташаббусҳои шоистаи онҳо заминаи воқеӣ фароҳам меоранд.

Раҳмонова Маҳбуба-мудири бахши омори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон