ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар арафаи иду айём дар ҳудуди ноҳияи Ёвон иншоотҳои гуногуни  маишию иҷтимоӣ бунёд карда мешавад. Дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар деҳаи Чироғчии  Ҷамоати деҳоти ба номи Ҳ. Ҳусейнов аз ҷониби соҳибкори ноҳия  маркаши  хизматрасонии замонавӣ барои барои 4 ҷойи кории доимӣ ифтитоҳ  гардид. Зимни суханрони масъулин иброз доштанд, ки бунёди толори варзишӣ дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар ноҳия ба ифтихори ҷашни 35 солагии Истиқлолият буда, аз намуди зоқирии он ҳусни шаҳраки Ёвон ҳусни дигар зам менамояд. Соҳибкори ватанӣ аз ҷониби  масъулин  изҳори ташаккур карда шуд. Соҳибкор низ, дар навбати худ ваъда доданд, ки фаъолиятро барои сатҳи баланди хизматрасонӣ ба аҳолии ноҳия дар сатҳи зарурӣ қарор хоҳад дод.