ИФТИТОҲИ ТОЛОРИ ВАРЗИШӢ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар доираи иқдомҳои созандагӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар кӯчаи Р. Расулови Ҷамоати шаҳраки Ёвон аз ҷониби соҳибкори ноҳия  толори варзишии замонавӣ барои наврасону ҷавонони ноҳия ифтитоҳ  гардид. Зимни суханрони масъулин иброз доштанд, ки бунёди толори варзишӣ дар доираи иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар ноҳия ба ифтихори ҷашни 35 солагии Истиқлолият буда, аз намуди зоқирии он ҳусни шаҳраки Ёвон ҳусни дигар зам менамояд. Соҳибкори ватанӣ аз ҷониби  масъулин  изҳори ташаккур карда шуд. Соҳибкор низ, дар навбати худ ваъда доданд, ки фаъолиятро барои сатҳи баланди хизматрасонӣ ба аҳолии ноҳия дар сатҳи зарурӣ қарор хоҳад дод.