АЁДАТИ НИЁЗМАНДОН ДАР ҶАШНИ НАВРӮЗ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар ҳамкориву ҳамбастагӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, соҳибкорони хайрхоҳу эҳсонкор, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон  қишри ниёзманди ҷомеаро аёдат намуда, дар партави сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо кӯмакҳои яквақтаинаи моддӣ аз қабили орду равған ва шакару биринҷ расонида шуд. Амалӣ хайрхонаи ҳизбиён ба ҷашни байналмилалии Наврӯз рост омад. Оилаҳои ниёзманди ноҳия аз иқдоми навбатии ҳизбиён хушнуд гардида, иқдоми мазкурро давоми ғамхориҳои инсондӯстона ва хайрхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзёбӣ намуданд.