НИËЗМАНДОН ДОИМО ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД!

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа яке аз самтҳои асосии сиёсати иҷтимоии давлат маҳсуб ёфта, дар партави сиëсати инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон бахшида ба иду ҷашнҳои давлатӣ ва байналмилалӣ ба қишри ниëзманди ноҳия пайваста кӯмакҳои модиву молиявӣ мерасонанд. Ин навбат бо дастуру ҳидоятҳои инсондустонаи аъзои Раёсат ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ ба оилаи эҳтиёҷманд як аробачаи маъюбӣ ва ёрии яквақтаи моддӣ дастрас карда шуд. Модари ниëзманд таваҷҷуҳи навбатии раиси нохияро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат нисбати қишри ниëзманд дар сатҳи маҳал арзëби намуданд .