РОҲСОЗОНРО ДУОЕ МЕРАСАД,.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба истиқболи ҷашни пурифтихори 35-солагии Истиқлолияти давлатии ҶТ корҳои созандагию ободонӣ дар ноҳияи Ёвон рӯз то рӯз вусъат ёфта истодаанд, ки дар ин ҷода саҳми соҳибкорони маҳаллӣ хеле калон ва шоистаи таҳсин аст.

Қобили зикр аст, ки дар раванди тадбирандешиҳои и.в. раиси ноҳия Бахтиёр Шарифӣ ва иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкори маҳаллӣ Баҳриддин Ҷурахонов азнавсозии роҳҳои мошингарди самти Ёвон-Рудакӣ шурӯъ гардид.

Дар баробари ин имрӯзҳо тамоми сокинони ноҳия тавассути ҳашарҳои муташаккилона дар ҳар як кӯчаву маҳалла даст ба корҳои созандагӣ зада, дар ободонии диёри худ саҳм мегузоранд. “Ҳамдиёрони азиз, ободу зебо гардонидани дару хонаи ҳар яки шумо туҳфаи арзандаи Шумо ба ҷашни бузурги Истиқлолият аст. Якҷоя диёрамонро обод мекунем” зикр намуд и.в. раиси ноҳия муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ!