ҶАВОНОН ОЯНДАИ МИЛЛАТАНД.

Ёвон: Созандагони ватан  

Ҷавонон дар ҳар давру замон ҷойгоҳи махсус дар тақдири дилхоҳ давлатдорӣ дошта, ин нуқтаи муҳимро Пешвои муаззами ҷавонпарвари миллат дар сиёсати давлатии худ аз рӯзи нахустин ба сари давлат таъин гаштанашон доимо пуштибон ва қайд менамоянд, ки "Ҷавонон ояндаи миллат ҳастанд". Дар ҳақиқат ҷавонон ояндаи миллат ва давомдиҳандаи насли миллат дар рӯи замин мебошанд. Ҳар миллате, ки руш кардааст ва ё дар ҳоли рушд қарор дорад, наметавонад соҳибқудратии ҷавононашро эътироф нанамояд. Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлолу ҷавони мо яке аз беҳтаринҳо мебошанд, ки дар сиёсати давлат ҷавонон мақоми махсус доранд. Дар доираи нақшаи чорабиниҳо бобати даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, пешгирӣ сатҳи ҷинояткорӣ дар МТМУ № 31 вохӯрии ТҶҶ "Созандагони Ватан" ббаргузор гардид.