СОЗАНДАГИҲО ДАР ДОИРАИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ "ЯКҶОЯ МЕСОЗЕМ!"

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ дар Паёми пурмуҳтавои хеш солҳои 2021-2026 -ро ҳамчун "Солҳои рушди саноат" эълон доштанд, ки ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бахшида шудааст. Дар доираи ин иқдоми ватандӯстона имрӯзҳо дар гушаву канори ноҳия корҳои ободонию созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" бо маром идома дорад. Дар доираи ҳамин иқдом аз ҷониби сокинони маҳаллаи Меҳнатободи Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх ба миқдори 1,8 киллометр ҷуйборҳои дохили деҳаи мазкур пурра тоза карда шуд. Дар иқдоми мазкур саҳми соҳибкорону шахсони хайрхоҳ ва саҳми маҳал нишонрас мебошад.