ПОЙГОҲҲОИ ОБКАШӢ БА МАВСИМИ КИШТУ КОР ОМОДА МЕГАРДАД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ҳамасола дар пеш аз мавсими кишту  кори баҳории деҳқонон бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии Идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замини ноҳияи Ёвон ҳамаи пойгоҳҳои ноҳия пурра тавассути техникаҳои калони корӣ тоза карда шуда, ба мавсими кишту кори баҳорӣ омода карда мешаванд. Иқдоми мазкур барои беҳбудии кори деҳқонон, саривақт ва беталаф расонидани об ба охиртарин заминҳои кишоварзон роҳандозӣ карда мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ҳамеша иқдомҳои ташкилоти ибтидоии Идораи давлатии хоҷагии об ва беҳдошти замини ноҳияро пуштибонӣ намуда, дар ҳалли баъзе мушкилотҳои мавҷуда мусоидат менамоянд.