РАСМУ ОЙИН, СУННАТ, ҶАШНУ АНЪАНА ИНЪИКОСИ ФАРҲАНГИ МОДДИЮ МАЪНАВИИ МИЛЛАТ АСТ

Ёвон: Андеша  

Ба дахлу харҷи худ ҳар дам назар кун.
Чу дахлат нест харҷ оҳистатар кун.

                                               Саъдии Шерозӣ 

Ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо имзои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба тасвиб расидааст, шонздаҳ  сол сипарӣ гашт.

Қонуни мазкур барои дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти ҷамъиятии замони Истиқлолият шароит ва заминаи хуби зиндагии бофарҳанги моддию маънавӣ фароҳам овард. Ҳадафи асосии қабули Қонун барқарор, пойдор ва инноватсияи замонавӣ додан ба расму ойин, анъана, маросиму ҷашнҳои қадимаи тоҷик, гум накардан мероси гаронбаҳои маънавии миллатамон аст, ки онро дар ифтитоҳи суханашон 11 июли соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пурмуҳтаво маънидод намуданд.

Маданияти халқӣ дар баробари умумиятҳо, дорои тафовутҳо низ мебошад ва сабаби асосии ин махсусиятро соҳиб шудани маданияти миллӣ – ин шароити мухталифи ҳаёту фаъолияти миллатҳо дар вазъи муайяни этникӣ-иҷтимоӣ дар даврони муайяни таърихӣ ба шумор меравад. Маданияти халқ, аз ҷумла тоҷикон, аз маҷмўи унсурҳои фарҳангии муносибатҳои этникӣ дар робита бо вазъи зиндагӣ фароҳам омадааст.

Роҳбари ғамхори миллат барои таъмини зиндагии осудаи мардум тамоми чораҳоро андешида, бо аҳли зиё, уламои дин ва фаъолони кишвар машварат намуда, ба хулоса омаданд, ки роҳи ягонаи харҷи зудтар халос кардани мардум аз ин гуна сарбориҳои сохта, чунонки аз ҷониби аксари шаҳрвандон пешниҳод гардид, қабули қонун аст. Таҳлилҳои воқеӣ кишвари моро ба қабули қонуни махсус роҷеъ ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо водор намуда, зарурати ташкили раёсати махсусеро дар амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар ин самт пеш овард. Бо ташаббуси Сарвари давлат ва дастгирии мардуми Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 8 июни соли 2007 қабул гардида, тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» ва Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид гардиданд.

Албатта расму оин ва урфу одат монанди дигар ҳаводиси замон вобаста ба шароити зисту зиндагонии мардум тағйир ва инкишоф меёбанд. Вобаста ба ҳар давру замон, ҷашну маросимҳои нав ташаккул ва инкишоф ёфта, урфу одат ва расму оинҳои зарарноки замони гузашта, ки ба пешрафти ҷомеа ва иқтисодиёту маданият ва ба беҳбудии  рӯзгори одамон монеъ мешаванд,  оҳиста –оҳиста аз байн мераванд ва расму оинҳои нав торафт устувор мегарданд. Зеро ин тақозои замон аст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ, ки ҳамагон огоҳ ҳастем маъракаҳои суру мотам ва ҷашни суннати ба як хароҷотҳои беҷо ва беҳуда табдил ёфта буд. Мардум бо ҳар роҳ мекӯшиданд, ки аз рӯи орият бо  ҳамдигар таҳассуб карда, ва ё аз касе қарз гирифта,  маъракаҳои серхароҷоту бодабдаба, безарурат, ки боиси қашшоқию муфлисии он хонадон мегашт, барпо мекарданд.

Исрофкорӣ ва хароҷотҳои беасосу зиёдатӣ то ба ҷое расид, ки сабаби хонавайронии ҷавонон гардида, боиси маломат, мазаммат ва сарзаниши ҳамдигарӣ шуда, ба пастравии вазъи иҷтимоӣ дар рӯзгор оварда расонид. Вале одамон аз хароҷотҳои беҳудаву нодаркор, ки боиси қашшоқии онҳо мегардид, ва аз масрафи зиёд дар маросимҳои суру мотам, ки зиён медиданд, мӯҷиби муфлисшавии эшон мешуд, андеша намекарданд.  Ба қадри боигарии худ, амволи хеш нарасида он пулу мол, ки бояд барои беҳбудии рӯзгор ва таҳсили фарзандон сарф кунанд ба хароҷоти беҳуда, масраф мекарданд. Бояд тазаккур дод он ашхосе, ки сарфакор нест ва ба хароҷоти беҳуда машғул аст вай ҳамчун марди бебоки исрофкор ҳатман ба иқтисоди шахсии худ зарба мезанад ва ӯ оқубат фақиру ниёзманд мешавад. Ба таъбири бузургон сарфакор ҳеҷ гоҳ қашшоқ намешавад. Абулқосим Фирдавсӣ  фармудааст:

          Маро дахлу харҷ ар баробар будӣ,

          Замона маро чун бародар будӣ.      

Дарвоқеъ, махсусияти маданияти суннатии тоҷикон, ба мисли халқҳои дигари кишварҳои мусалмонӣ, аз арзиш ва меъёрҳои дини мубини Ислом маншаъ мегирад, ҳарчанд, ки таъсири он дар ҳамаи қишрҳои иҷтимоӣ баробар намебошад.

Халқҳои гуногуни мусалмон аз рӯи расму оин дар шароити этникӣ- иҷтимоии давлатӣ ё кишвари муайян фарқ мекунанд. Чунин тафовут, ки қисман аз давраҳои тоисломии мероси мадании тоҷикон сарчашма мегирад, дар тарзи зиндагӣ дар тӯли инкишофи таърихии мамлакатҳо устувор мемонад. Шароитҳои мухталифи таърихӣ сабаби асосии махсусияти маданияти мардумӣ мегардад.

Расму ойини оилавӣ аз ҷумлаи рукни муҳими маданияти миллӣ ба шумор меравад, ки асолати худро устувор нигоҳ медорад. Мутахассисон маросимҳои муайянеро дар робита ба тавлиди кӯдак (гаҳворатӯй, гаҳворабандон, номгузорӣ, хатнатӯй, инчунин хонадоршавӣ ва вафотро аз шаклҳои асосии расму оини оилавӣ шуморидаанд.

Таҷрибаи солҳои охир исбот намуд, ки риояи Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» на танҳо мушкили молии мардумро осон кард, балки барои дигар мардумони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо тоҷикон дар доираи анъанаҳои муштарак зиндагӣ мекунанд, намунаи хуби ибрат шуд. Бо амалӣ шудани ҳукми қонуни мазкур мушкилоти қишрҳои гуногуни ҷомеаи мо, алалхусус аҳолии камбизоат, ба андозаи чашмрас осон гардид.

Мақсуд Раҳматуллоев – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон