ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ

Ёвон: Андеша  

Бузургӣ ва фазилати дигари ҷашни Наврўз дар он аст, ки одамонро ба рафоқату бародарӣ, бахшидани гуноҳҳои якдигар ва фаромўш сохтани душманиҳо, тозаву озода намудани макони зист, сару либос, ашёи рўзгор ва аз дилу хотирҳо дур сохтани кинаву адоват даъват мекунад.

Яке аз сабабҳои ҷаҳонишавӣ ва дар байни халқу давлатҳои дигар доман паҳн кардани Наврўзи Аҷам дар он аст, ки дар тўли асрҳо, дар баробари ин ки ба ривоҷу равнақи маданияти заминдориву зироаткорӣ ва боғдориву ободгарӣ мусоидат намудааст, ҳамчунин, ба сифати фарҳанги волои ҳамкориву ҳамёрӣ ва омили муҳими сулҳу ваҳдат  ва тавсеаи накўкориву хайрхоҳӣ ба инсонҳо хизмат кардааст.

Имрўзҳо дар тамоми гўшаву канори ноҳияи Ёвон чун дар сартосари кишварамон маъракаҳои кабудизоркунӣ, дарахтшинонӣ, бунёду барқарор кардани боғҳои наву куҳна, сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таълимию табобатӣ, фарҳангию варзишӣ, ба тартиб даровардани роҳу кўчаҳо, майдону хиёбонҳо бо ҷўшу хурўш идома дорад.

Сокинони шарафманду заҳматпешаи ноҳия ҳамчун гузаштагони бунёдкори худ бо такя бар анъанаҳои созандаи наврўзӣ баҳри ободиву шукуфоии диёр саъю талош варзида, омодаанд, ки дар мавсими кишту кор пурмаҳсул меҳнат кунанд.

Мо аз ҷумлаи он мардумони хушбахте ҳастем, ки ин суннатҳои деринаи гузаштагонамонро бо маъниву муҳтавои амиқ ва ҷавҳари фалсафию рўҳи зиндагисози он ба мерос гирифтаем. Имрўз барои мо- тоҷикон ва кулли кишварҳое, ки ҷашни Нарўзи Аҷамро таҷлил мекунанд, боиси ифтихор аст, ки ин ҷашни куҳану бостонӣ ва зебои табиатро гиромӣ дошта, анъанаҳои инсонпарваронаи онро идома медиҳем.

Бо омад-омади Наврўз, ки айёми орзуҳои наҷиб мебошад, табиат дубора зинда мешавад, деҳқонон ба замин донаи умед мекоранд, хуршед ба хонадон ва қалби ҳар яки мо нуру зиё мебахшад ва дар вуҷуди мо эҳсоси самимонаи накўкорӣ, ваҳдату ягонагӣ, дўстию бародарӣ ва бунёдкорию созандагиро бедор мекунад.

Бузургони илму адаби мо дар ҳама давру замонҳо ҳамин дўстиву ҳамбастагӣ, ифтихори милливу ватандорӣ ва расидан ба қадри сулҳу субот ва оромиву осоишро таърифу тавсиф кардаанд. Мо низ бояд шукрона кунем, ки имрўз дар фазои сулҳу озодӣ дар Ватани ободу биҳиштосои худ ҷашни аҷдодиамон - Наврўзи хуҷастаро таҷлил менамоем.

Барои истиқболи арзандаи Наврўзи оламафрўз ҳар як фарди банангу номусро лозим аст, ки бо шукрона аз неъматҳои бебаҳои сулҳу истиқлол ҳар рўзро пурсамар истифода бурда, тозаву озода ва ободу зубо гардонидани хонаву кошона ва  маҳалли зисти худро вусъат бахшида, бо мақсади рушду тараққиёти Тоҷикистони азизамон саҳмгузорӣ намояд.

Шодиев Давлат-сармуҳосиби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон