НАВРӮЗ - ҚАДИМТАРИН ҶАШНИ ТОҶИКОН

Ёвон: Андеша  

     Абурайҳони Берунӣ донишманд ва олими қарни даҳум дар китоби машҳури худ "Осору-л-боқия" аз забони Алӣ бинни Яҳё навиштааст, ки "Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағирнопазир аст" ва дар китобаш "Ал-тафҳим" менигорад, ки "нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст".

     Ҳикояту ривоятҳо дар бораи иди Наврӯз хеле бисёранд. Абурайҳони Берунӣ дар китоби "Ал-тафҳим" овардааст, ки:

"Чун Ҷамшед ба подшоҳӣ расид, динҳо аз нав кард ва ин кори хеле бузург ба назар омад ва он рӯзро, ки рӯзи тоза буд, Ҷамшед ид гирифт, агарчи пеш аз он ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд".

     Ҳамчунин дар ҷои дигари ин китоб чунин овардааст, ки "Аз расмҳои подшоҳон Наврӯз чист?  Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав ном карданд, зеро ки пешонии соли нав аст".     

      Бояд зикр намуд, ки мувофиқи маълумоти хондашуда аз осори Абурайҳон Берунӣ чунин хулосабарорӣ кардан мумкин аст, ки ин донишманд ба таври густурда дар бораи ҷашн гирифтани Наврӯз сухан мегӯяд ва дар таҳқиқоти хеш барои шинохти рамзу рози оинҳо ва маросимҳои гуногун натанҳо ганҷинаҳои куҳанро мекобад ва дарҳои онҳоро ба рӯи хонандагони асари гаронбаҳояш мекушояд, балки аз амалнамоӣ аз суннатҳои дерина дар рӯзгори худ низ хабар медиҳад ва ошкоро мегӯяд, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзорҳо ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану пиростани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

     Дар рисолаи "Наврӯзнома" нисбат дода, ба Умари Хайём низ ба ҳамин нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусиятҳои оинҳои он рӯ ба рӯ мешавем ва ба бахши дигаре аз рамзу розҳои он пай мебарем.

      Аммо сабаби ниҳодани Наврӯз он будааст, ки чун бидонистанд, ки Офтобро ду давр бувад. Яке он ки ҳар сесаду шасту панҷ рӯзу рубъе аз шабонарӯз ба аввали дақиқаи ҳамал боз ояд, ба ҳамон вақту рӯз, ки рафта буд, бад-ин дақиқа натавонад омадан. Чи ҳар сол аз муддат ҳаме кам шавад. Ва чун Ҷамшед он рӯзро дарёфт, "Наврӯз" ном ниҳод ва ҷашн ойин овард.

     Ва чунин ки чаҳор фаришта дар осмонҳо ва заминҳо мегарданд ва аҳриманонро дур медоранд аз халоиқ. Ва чунин мегӯянд, ки ин ҷаҳон андар миёни он ҷаҳон чун хонаест нав, андар сарои куҳан бар оварда. Ва Эзиди таъоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳову заминҳоро бад-ӯ парвариш дод. Ва ҷаҳониён чашм бар вай доранд, ки нурест аз нурҳои Эзиди таъоло ва андар вай ба ҷалолу таъзим нигаранд, ки дар офариниши вай Эзиди таъолоро иноят беш аз дигарон будааст.

Расулов Ғолиб – мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон