БУНЁДИ СИНФХОНАҲОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №62

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

 

Имрӯзҳо иқдомҳои созандаву бунёдкорона дар сатҳи маҳал ба ифтихори 35- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маром идома дорад. Дар доираи истиқбол аз ин санаи тақдирсоз ва дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №62-и ноҳия иқдоми созандагӣ бо мақсади бунёду азнавсозӣ намудани 10 синфхонаи иловагӣ ва як утоқи корӣ бо саҳми маҳал, аъзоёну ҷонибдорони ҲХДТ ва шахсони саховатпешаю эҳсонкорӣ байналмиллалӣ бо маром идома дорад.  Ташабускорони ин иқдоми бузург  дар нақша доранд, ки синфхонаҳои иловагиро то оғози соли нави хониши 2023-2024 ба истифода диҳанд. Пас аз ба истифода доднаи синфхонаҳои иловагии мазкур мушкилии ҷойи нишаст дар МТМУ №62 пурра бартараф карда шуда хонандагон метавонанд дар шароити беҳтари илмомӯзӣ таҳсили худро идома диҳанд. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия зимни боздид аз рафти корҳои созандагӣ ба иқдоми маҳалла баҳо баланд дода, иқдоми онҳоро шоиста арзёбӣ сохтанд.