САД ҶОНУ ДИЛ ФИДОИ ЯК МУДАОИ МОДАР...

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва беназири сиёсии худ и.в. Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра занони собиқадор аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва якчанд занони аз 100-сола болоро аёдат ва муборакбодӣ намуд. Воқеан, Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму оинҳо ва муқовимат ба ифротгариву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.