ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ...

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Ба шарофати хиради фитрӣ, иродаи қавӣ ва беназири сиёсии худ и.в. Раиси ноҳияи Ёвон муҳтарам Бахтиёр Шарифӣ дар доираи тадбирҳои хайрхоҳона як зумра занони собиқадор аз ҷумла як нафар ҳамсари иштирокчии ҶБВ ва якчанд занони аз 100-сола болоро аёдат ва муборакбодӣ намуд.Модари тоҷик дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи халқамон садҳо ва ҳазорон фарзандони фарзонаву донишманд, ҷоннисору қаҳрамон, далеру ҷасур, ҷавонмарду диловар ва ватандӯсту ватанпарварро ба дунё овардааст, онҳоро тарбия карда, ба камол расонидааст ва барои хизмат ба мардум ва ҷомеаи башарӣ дуои нек додааст.

Саҳми бонувону занон дар тарбияи насли солим, танзими расму оинҳо ва муқовимат ба ифротгариву хурофотпарастӣ басо арзишманд мебошад.

Бо эътимоди комил изҳор медорем, ки модарону бонувони азизи мо рисолати худро дар таълиму тарбияи наврасону ҷавонон, аз ҷумла соҳиби касбу ҳунар намудани ҷавондухтарон, ба ҳаёти мустақилона омода кардан, омӯзонидани ахлоқи ҳамида, маърифати оиладорӣ ва ҳунари кадбонугӣ бо камоли масъулият иҷро мекунанд.