ЗАНОНИ КУҲАНСОЛ АЁДАТ КАРДА ШУДАНД

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Зери ҳамин шиор дар асоси нақша- чорабиниҳои таҳиянамудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи иди Модарон ва арҷ гузоштан ба Зан-Модар аёдати занони собиқадори ноҳия ба роҳ монда шуд.

Дар ин росто, аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб якчанд нафар занони собиқадори ноҳия аёдат карда шуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ин навбат яке аз занҳои рӯзгордида сокини 102-солаи  деҳаи Сарқамиш момаи Ғалатмоҳ аз ҷониби сохтори ноҳиявии ҳизб зери роҳбарии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллозода Саёҳат ва Ашурзода Нигина раиси Ҷамоати шаҳраки Ёвон аёдат карда шуда, туҳфаи хотиравӣ низ тақдим карда шуд.

Момаи Ғалатмоҳ бо шукргузорӣ аз Ватани орому осуда ва Пешвои хирадманду инсондӯст намуда, иброз доштанд, ки мо- занҳои собиқадор барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем.