ЧАРОҒОНКУНӢ ДАР САТҲИ МАҲАЛ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАД.

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Имрӯзҳо сокинони шарифи ноҳияи Ёвон ба ифтихори истиқбол аз 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои созандагиро дар ҳар гушаву канори ноҳия бо маром вусъат мебахшанд.

Аксияи "Якҷоя месозем!" ягона Аксияе мебошад, ки имрӯзҳо бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия миёни мардуми ноҳия, алалхусус маҳалаву деҳаҳои он ҳамовозии зиёде касб намудааст. Дар доираи ҳамин Аксия дар деҳаву маҳаллаҳо корҳои зиёди бунёдкорию созандагӣ бо маром идома дорад.

Чунин як иқдоми созандагӣ барои истиқбол аз ҷашни 35 солагии Истиқлолияти давлатӣ дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" дар деҳаи Парчасойи Ҷамоати деҳоти Обшорон, роҳҳои дохилии деҳаи мазкур пурра чароғон карда мешавад. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ташаббуси мазкурро давоми сиёсати созандаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи маҳал арзёбӣ намуданд.