ДАРВОЗА НИШОНАИ МАҲАЛ АСТ

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Соли 2026 мардуми сарбаланду бофарҳангу созандаи тоҷик ҷашни барои миллати тоҷик  35 -солагии Истиқлолияти давлатии худро ҷашн мегиранд. Бо мақсади истиқбол аз ин санаи фархуна дар тамоми гушаву канори ноҳия корҳои созандагӣ бо маром идома доранд. Ҷонибдорону аъзоёни ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Калфи Сабади Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх дар доираи Аксияи ҳизбӣ зери унвони "Якҷоя месозем!" корҳои созандагиро бо маром ба роҳ монда, дар доираи иқдоми созандагӣ бо ифтихори худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ ҳамчун муаррифгари маҳалдорӣ дарвозаи маҳаллаи Калфи Сабадро бунёд намуда истодаанд.  Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  дар рафти корҳои созандагии маҳалла иштирок намуда, иқдоми созандаи онҳоро шоиста ва бамаврид арзёбӣ намуданд.