АЁДАТИ МОДАРИ САРБОЗИ ШАҲИДГАШТА ХУДОЙБЕРДИЕВ ФИРДАВС

Ёвон: Ташаббусҳои ҳизбӣ  

Дар асоси Нақша чорабиниҳои таҳия намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади сазовор таҷлил намудани Рӯзи иди Модарон ва арҷ гузоштан ба зан Модар аёдат занони собиқадори ноҳия ба роҳ монда шуд. Дар ин росто аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб якчанд нафар занони собиқадори ноҳия аёдат карда шуда, ба онҳо тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Ин навбат як модаре, ки барои тарбия намудани фарзандон дар руҳияи ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ камари ҳиммат баставу яке аз писаронашро дар роҳи ҳифзи сарҳади давлатӣ, ки қаҳрамонона шаҳид гаштааст аз ҷониби ниҳоди ноҳиявии ҳизб аёдат карда шуд. Модари сарбози Шаҳидгашта Худойбердиев Фирдавс бо шукргузорӣ аз ватани орому осуда ва Пешвои хирадманду инсондӯст намуда, иброз доштанд, ки мо занҳои собиқадор барои тарбияи насли наврас саҳми арзандаи худро мегузорем.